Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳосили нишасти EBRD барои Тоҷикистон


Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд, яке аз донорҳои Тоҷикистон рӯзи якшанбе гуфт, барои ҳимояти тоҷирони тоҷик ва тавсиаи фаъолияти як бонки Тоҷикистон чаҳор миллион доллар қарз ҷудо хоҳад кард. Дар ин замина миёни бонки мазкур ва "Тоҷпромбонк"- и Тоҷикистон дар ҷараёни нишасти солонаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд (ЕBRD) як қарордод имзо шуд. Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд гуфт, қарзи мазкурро "Тоҷпромбонк" барои рушди соҳибкорони хурду миёна масраф хоҳад кард.
Ин муассисаи молии аврупоӣ як барномаи махсусеро дар Тоҷикистон раҳандозӣ мекунад, ки бар асоси он бонкҳои кишвар метавонанд, аз EBRD қарз гирифта ба тоҷирони тоҷик вом бидиҳанд. Иҷрои ин барнома, ки 7 миллион доллар арзиш доштааст, се сол пеш шурӯъ шуда ва ба гуфтаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд имкон додааст, то моҳи сентябри соли 2005 дар Тоҷикистон 17 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис шавад.
Акнун EBRD гуфтааст, ки барои идомаи ин барнома 25 миллион доллари дигар ихтисос медиҳад, ки он барои коҳиши камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди саросарии иқтисоди бӯҳронии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Аз қарзҳои ба бонкҳои Тоҷикистон додаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд асосан тоҷироне истифода кардаанд, ки аз Дубай, Чин ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон молу коло оварда мефурӯшанд.
XS
SM
MD
LG