Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тақвияти марзҳо дар Душанбе


Таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз вуруди он ба Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии серӯзаи Душанбе баррасӣ мешавад. Дар ин ҳамоиш, ки субҳи имрӯз дар Душанбе ба кори худ оғоз кард, намояндагони беш аз бист кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Тоҷикистон ҳудуди яку ним ҳазор километр бо Афғонистон марзи муштарак дорад ва тавре президент Раҳмонов дар маросими шурӯъи кори ин ҳамоиш гуфтааст, дар чанд соли ахир, дар Тоҷикистон
60 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки нисфи онро ҳероин ташкил медодааст. Мувофиқи омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир, теъдоди мӯътодон дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст ва дар баробари ин, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт мешаванд, низ поин рафтааст. Дар соли 2005 чаҳорсад тоҷикистонӣ дар ҷамоҳири дигари собиқ Шӯравӣ бо иттиҳомоти марбут ба қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд ва ҳол он ки ин рақам дар панҷ соли пеш 1800 нафарро ташкил медодааст. Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мушкили хариду фурӯши маводи мухаддирро мушкили тамоми башарият номида ва гуфтааст, муборизаи дастаҷаъмона алайҳи он ба нафъи мамолики дигари дур ҳам ҳаст, ба ин хотир, ки бо мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир аз маблағгузории гурӯҳҳои тундрав пешгирӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG