Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ҳузури ҳарбияшро дар Тоҷикистон афзоиш медиҳад


Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Фаронса тасмим гирифтааст, ба зудӣ се ҳавопаймои ҷангандаи "Мирож-2000"-ро ба гурӯҳи нирӯҳои ҳавоияш дар Тоҷикистон биафзояд. Инчунин қарор шудааст, шумораи сарбозу афсарони Фаронса дар Тоҷикистон зиёд шуда, ба 350 нафар расад. Ба гуфтаи кордори сафорати Фаронса, ин тасмим ба хотири пуштибонии бештар аз эътилофи зиддитеррористӣ дар Афғонистон гирифта шудааст. Интизор меравад, ҳавопаймоҳои нав то 19-уми май вориди фурудгоҳи шаҳри Душанбе шаванд.
Фаронса дар моҳи ноябри соли гузашта шаш ҳавопаймои ҳамсони худро аз Тоҷикистон бозпас бурда, теъдоди ҳарбиёнашро дар ин кишвар коҳиш дода буд.Сухаргӯи Вазорати дифои Фаронса Фредерик Солано дар бораи сабаби ин амал ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Манзур корбасти анвои дигари ҳавопаймоҳои Мирож аст. Зеро зарур нест, дар ҳар давра ҳамон ҳавопаймоҳоро дошта бошем. Июн, июл ва август, ин як мавсими вижаест барои ҷуғрофиёи хоссаи Афғонистон, мавсими боз шудани роҳҳои кӯҳистон ва афзоиши ҳаракат. Тағйири мазкур мавсимӣ ва кӯтоҳ аст барои се-чор моҳ, на ҳамешагӣ."
Ба истиснои Русия, Фаронса ягона кишварест, ки дар Тоҷикистон нирӯи низомӣ дорад ва гурӯҳи кӯмакрасони ҳавоии худро дар соли 2001 бо даъвати Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе бапо кардааст. Ахиран дар бораи эҳтимоли таъсиси пойгоҳи ҳарбию ҳавоии Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабарҳо нашр шудаанд.
XS
SM
MD
LG