Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон ва Даштиҷум дар сӯҳбати Раҳмонов ва Баучер


Ричард Баучер, ёвари муовини вазири хориҷаи Амрико пас аз дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон муносиботи кишвараш бо Тоҷикистонро дар сатҳи хеле хуб арзёбӣ намуд. Ричард Баучер гуфт, Иёлоти Муттаҳида хоҳони тавсиаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар заминаҳои иқтисодӣ мебошад. Ричард Баучер гуфт, дар мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамчунин масъалаи барномаи ҳастаии Эрон низ дахл шудааст:
«Мо масъалаи Эронро низ бо президент баҳс кардем. Амрико хостори он аст, ки ин қазия аз роҳҳои дипломатик ҳаллу фасл шавад. Мутаассифона, давлати феълии Эрон аз рӯи бисёр масоил ба сарчашмаи бесуботӣ табдил ёфтааст. Ин масоил иборат аз дахолат дар умури дохилии кишварҳои ҳамсоя, пуштибонӣ аз хушунат ва эҷоди мавонеъ бар сари раванди сулҳ дар Ховари миёна ва ғайра мебошад. Мо муносиботи кишварҳои минтақа бо Эронро эътироф ва эҳтиром мегузорем. Вале мо бояд итминон ҳосил кунем, ки ин муносибот ошкору муносиб ва танҳо бар асоси мулоҳизоти тиҷорӣ устувор аст. Зеро ҳадафи мо ин аст, ки аз мушкилофаринии минбаъдаи Эрон барои минтақа ва дигар кишварҳо ҷилавгирӣ шавад»


Ричард Баучер бо ишора ба тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Даштиҷум гуфт, Амрико ба иҷрои ин тарҳ алоқаманд аст ва феълан, масъалаи роҳҳо ва чигунагии ҷалби сармояи амрикоӣ дар иҷрои ин тарҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ёвари муовини вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин имрӯз бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон низ як мулоқоти ҷудогона анҷом дод. Дар ин мулоқот вазъи фаъолияти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳ қарор доштааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG