Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меваҳои Тоҷикистон дар ҳипермаркетҳои Амрико


Ширкати амрикоии «Ланкастер» тасмим гирифтааст, меваҳои Тоҷикистонро ба бозори ҷаҳонӣ барорад. Ин ширкат тасмим гирифтааст, нахустин дафтари намояндагияшро дар Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Душанбе боз намояд ва аз Тоҷикистон меваҳои хушккардашударо ба кишварҳои берун содир намояд. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, куллия умур ва тиҷорати ширкати мазкур дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бар дӯши дафтари душанбегии ин ширкат хоҳад буд. Ҳамакнун, бо шурӯъи фаъолияти ширкати мазкур меваҳои хушк кардашудаи Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, хеле хуштаъм ва серхаридору барои Ғарб экзотик ҳастанд, ба бозорҳои Амрико роҳ хоҳанд ёфт.
XS
SM
MD
LG