Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои Freedom House ба матбуоти Тоҷикистон


Freedom House дар гузоришаш аз байни 15 кишвари шӯравии собиқ матбуоти танҳо се кишвари соҳили Балтик - Литва, Латвия ва Эстонияро озод баҳо додааст. Ин гузориш, ки вазъи матбуот дар 194 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад, Русияро дар мақоми 158 ва Қазоқистону Тоҷикистонро паҳлӯи ҳам дар мавқеъиятҳои 167 ва 168-уми ин ҷадвал, яъне дар радифи кишварҳое гузоштааст, ки матбуоташон озод нест.

Вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон, ба ҳисоби муҳаққиқони Freedom House беҳтар аз кишварҳое ба мисли Непалу Чину Сомали, вале бадтар аз кишварҳое мисли Камеруну Ангола ва ҳатто Ироқу Афғонистон будааст. Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми беҳтари 138-умро дар ҷадвали Freedom House танҳо Қирғизистон ба даст овардааст, аммо ин созмон матбуоти қирғизро ҳам ғайриозод арзёбӣ кардааст.

Беларус дар ин ҷадвал дар мақоми 185, Узбакистон дар зинаи 187 қарор дошта, ду зинаи аз ҳама поёни ҷадвали Хонаи Озодӣ насиби Туркманистон ва Куриёи Шимолӣ шудааст.

Дар воқеъ Фридом Ҳавз бештар аз ҳама озодии матбуотро дар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла дар Финланд, Исланд ва Данмарку Норвею Суид тавсиф кардааст.

Аммо Кумитаи амрикоии ҳимоят аз хабарнигорон феҳрасти 10 кишвареро, ки матбуоташон таҳти сонсури бештарин қарор доранд, ба чоп додааст. Дар садри ин феҳраст исми Куриёи Шимолӣ ва Бирмаву Туркманистон меоянд. Дар маҷмӯъ феҳрасти манфии Кумитаи амрикоии ҳимоят аз хабарнигорон 3 кишвари шӯравии собиқро дар бар гирифтааст. Туркманистон, ва ҳам Беларусу Узбакистонро.

Ин созмон матбуоти ин 10 кишварро театри як актёр ба қалам дода менависад, матбуоти ин кишварҳо аксаран дар дасти давлат ва ё таҳти назорати давлат қарор дошта, бо ҳадафи таблиғи натоиҷи интихоботҳои пур аз тақаллуб ва дигар фаъолиятҳои давлатдорон истифода мешавад.

CPJ менависад, гӯяндаҳои родиёву телевизионҳои Туркманистон барномаҳои худро ҳатто бо чунин қасам шурӯъ мекунанд, ки сухани баде дар бораи давлат, парчами давлатӣ ва ё президент агар гуфтанд, бигзор забонашон хушк шавад. Ин созмон дар мавриди Узбакистон менависад, ки дар поёни соли гузашта дар зиндонҳои он кишвар 6 хабарнигор маҳбус буд ва мақомоти Тошканд фишорро болои матбуоти маҳаллӣ ва расонаҳои байналмилалӣ ба хусус пайи ҳаводиси хунини Андиҷон афзоиш додаанд.

Эн Купер, мудири иҷрояи СРJ мегӯяд:
"Чанд хабарнигоре дар Узбакистон буд, ки аз ҷойи ҳодиса ба ҷаҳон хабар медоданд ва гузоришҳои онҳо аз он чӣ ки давлат тасвир мекард, фарқ дошт. Аммо мутаассифона, дар пайи нашри гузоришҳои воқеъӣ дар бораи рӯйдодҳои Андиҷон, ҳамагии онҳо аз кишвар фирор карданд. Ба ин тартиб, фишор ба матбуот дар пайи ҳаводиси Андиҷон бамаротиб афзудааст."

Таври маълум, аз 10 кишвари омада дар феҳрасти CPJ сеяш Узбакистон Беларус ва Туркманистон аз кишварҳои собиқи шӯравист. Хонум Купер мегӯяд, бисёре аз кишварҳои пешини шӯравӣ дар пайи як муддат мурооти андаки озодии матбуот дубора ба роҳе қадам гузоштанд, ки ҳама моломоли фишору сонсури матбуот ва табдили ин ба истилоҳ ҳукумати чорум ба як василаи дигари таблиғотӣ барои давлат аст:

"Мутаассифона, ончӣ ки мо аз замони фурӯпошии Шӯравӣ мебинем, ин аст, ки дар оғоз баъзе чизҳо барои таъмини озодии матбуот ироа шуд, вале тайи солҳои ахир мо мебинем, ки дар бисёре аз кишварҳои шӯравии собиқ озодии матбуот дубора аз байн меравад."

CPJ назорати тамом ба кори матбуот, истифодаи усули ба истилоҳ театри як актёр ва дурӯғҳои кабир, сӯъитаҳаммули комил ба нашри матолиби манфӣ дар матбуот, ва бефарқии тамом ба зиндагии мардумро аз вижагиҳои кори матбуот ва муносибати давлат ба матбуот дар он 10 кишваре ном бурдааст, ки дар гузориши ин созмон ҳамчун кишварҳои матбуоташон таҳти сонсури аз ҳама зиёд ёд шудаанд.

Расонаҳои хабарӣ ва хабарнигорони мустақили тоҷик дар ҳоле рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро истиқбол мекарданд, ки матбуоти мустақили Тоҷикистон ҳамчунон бо мушкилоти умдае дастбагиребон аст. Тайи як соле ки гузашт чандин хабарнигори тоҷикро ба додгоҳ кашиданд. Ҷумъабой Толибов ҳатто бо ҷурми авбошӣ, ки созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон танҳо баҳонаи фишораш донистанд, маҳкум ба зиндон шуд. Ҳамин тавр тайи як соли охир боз ду нафар аз ҳафтаномаи басташудаи "Нерӯи Сухан" сардабираш Мухтори Боқизода бо ҷурми напардохтани 1700 сомонӣ пули барқ ва муовини ӯ Ваҳҳоби Латиф бо ҷурми тавҳин ба шаъни як устоди донишгоҳ ҳар кадом ба яксолӣ корҳои ислоҳӣ маҳкум шуданд.

Саҳнаи матбуоти Тоҷикистон ҳамин тавр барои нашрияҳои мустақил ва пурхонандае ба мисли "Рӯзи Нав", "Одаму Олам", "Адолат" ва "Нерӯи Сухан", танг монд ва масъулони ин нашарот дигар натавонистанд имкони азсаргирии чопро пайдо кунанд.

Саҳнаи матбуот, ба гуфти як мусоҳиби мо дар Душанбе ба мисли нимаи дуввуми солҳои 90 боз дубора ба нашрияҳое боқӣ монд, ки аз матолиби доғ ҳадалмумкин фирор мекунанд ва бештари саҳафоташон вижаи матолиби тафреҳиву хонаводаӣ ва мисли ин чизҳост.

Дар мавриди озодии матбуот сӯҳбате доштам бо Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири нашрияи "Чароғи Рӯз", ки аз соли 1993 ба ин сӯ наметавонад, чопи ин нашрияро дар худи Тоҷикистон ба роҳ андозад. Аз Додоҷони Атовулло нахуст пурсидам, ки дар рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот чӣ таассуроте фарояш гирифтааст?
Ин ҷумлаи сабзро панҷа занед ва мусоҳибаро бишнавед
XS
SM
MD
LG