Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Офати табиӣ Роғунро аз оби нӯшокӣ маҳрум кард


Лағжиши замин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун сад метр лӯлаи обтаъминкунии ин шаҳрро тахриб ва 13 000 аҳолиро аз оби нӯшокӣ маҳрум сохтааст. Вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба сомонаи интернетии радиои Озодӣ хабар дод, дар айни ҳол, кормандони ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо ҳукумати шаҳри Роғун мардумро бо оби нӯшокӣ тариқи мошинҳои обкаш таъмин карда истодаанд. Борони сел ва жолаҳои ҳаҷман калон дар чанд рӯзи ахир ба чанд навоҳии дигари кишвар низ зарароте ворид сохтааст. Ҷамила Тиллоева, сухангӯи Вазорати ҳолоти изтирорӣ гуфт, дар ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Данғара ва Ашт шамоли сахт бомҳои манозили зисти мардумро канда ва жолаҳои бузург тирезаҳои хонаҳо ва мошинҳоро шикастааст. Киштзорҳои ғалла ва пахта низ зарар дидааст. Бино бар хабар, дар ноҳияи Хуросон сатҳи оби шохаи рости канали Ёвонсӯ баланд шуда ва дар ҳудуди минтақаи Пахтакори ҷамоати Ҳилолӣ аз соҳил баромадаву хонаҳои истиқоматӣ ва киштзорҳоро зер кардааст. Бар асари офатҳои табиӣ, дар ноҳияи Хуросон як нафар ҷони худро аз даст додааст. Борони сел ва жола дар Данғара боми 136 хонаро канда ва ба панҷсад ҳектор замин хисорот расонидааст. Бону Тиллоева гуфт, дар ҳоли ҳозир, як комиссияи вижаи Вазорати ҳолоти изтирорӣ дар пайи муайян кардани ҳаҷми хисороти ворида дар чанд рӯзи ахир аз офатҳои табиӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG