Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш: "Ҷангу хунрезӣ дар Ироқ боз хеле тӯл хоҳад кашид"


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар паёми навбатии родиёияш ҳушдор дода, ки ҷангу хунрезиҳо дар Ироқ боз то хеле муддат тӯл хоҳанд кашид: "Дар Ироқ ҳанӯз набардҳои зиёди сангин ва рӯзҳои зиёди ҷангу хунрезӣ дар пеш аст. Дар ин рӯзҳои охир душманони озодӣ зарбаҳои воқеъӣ хӯрданд ва мо дар роҳи пирӯзӣ боз чанд қадами бузург бардоштем. Раҳбарони Ироқ акнун пойдевори як давлати демократии мардуми Ироқро аз номи он мардум ва барои он мардум гузоштанд." Ҷорҷ Буш бо истиқбол аз давлати нави Ироқ гуфт, ҷараёни ташкили ин давлат ҳокии боз шудани як марҳалаи наве дар муносиботи Амрико бо Ироқ будааст.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз дар Ню-Йорк даҳҳо ҳазор нафар мухолифини ҷанг бо ташкили як раҳпаймоӣ хуруҷи билофосилаи нирӯҳои Амрикоро аз Ироқ талаб кардаанд.

Ва аммо хабарҳои расида аз Ироқ мегӯянд, ки хушунатҳои дирӯз дар он кишвар мунҷар ба ҳалокати 7 ироқӣ ва 1 сарбози амрикоӣ шуд. Ду маъмури пулис дар Бойҷӣ, ду сарбози ироқӣ дар Сувейра, як пулис ва як нафари ғайринизомӣ дар як рустои воқеъ дар ҷануби Бағдод ва як пулис дар Ғазолия, минтақае воқеъ дар шимолу ғарби пойтахт ба ҳалокат расиданд. Дирӯз дар Бағдод аҷсоди 12 нафар ва дар рӯди Даҷла дар наздикии Сувейра аҷсоди 5 кушташудаи дигарро пайдо кардаанд.

Ва ҳалокати як сарбози амрикоӣ дар Бағдод шумори қурбониҳои Амрико дар Ироқ танҳо дар моҳи апрелро ба 70 нафар расонд. Моҳи январ дар Ироқ 62 амрикоӣ, моҳи феврал 55 ва моҳи март 31 сарбози Амрико кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG