Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоии эътирозӣ дар маркази шаҳри Бишкек


Ҳазорон нафар дар маркази шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон гирдиҳам омаданд, то эътирози худро ба ҷиноӣ шудани сохторҳои давлат ва саҳнаи сиёсӣ дар ин кишвар нишон диҳанд. Бахши асосии намоишгарон дар Майдони Алатау, дар наздикии бинои ҳукумат ва раёсатҷумҳурии Қирғизистон ҷамъ шудаанд. Онҳо аз президенти кишвар Қурманбек Боқиев талаб доранд, ваъдаи худро ба рондани аносири ҷиноӣ аз саҳнаи сиёсӣ иҷро кунад. Онҳо мегӯянд, унсурҳои ҷиноиятпеша ба идораҳои давлатӣ роҳ ёфтаанд. Раҳпаймоии эътирозиро Иттиҳоди нирӯҳои демократии Қирғизистон ташкил кардааст, ки аз иттиҳоди наздик ба 50 ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ иборат аст.
XS
SM
MD
LG