Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи ҳарбии Ҳиндустон дар Тоҷикистон?


Рӯзномаи "Гордион", чопи Лондон, менависад, то поёни соли 2006 Ҳиндустон аввалин пойгоҳи ҳарбии худро дар хориҷ аз кишвар таъсис медиҳад ва нахустин кишваре ки чунин имкониятро барои Ҳиндустон фароҳам меорад, Тоҷикистон аст. Ба навиштаи ин нашрия, 12 ҳавопаймои ҷангии МиГ-29 дар пойгоҳи мазкур дар Фархори Тоҷикистон ҷобаҷо хоҳад шуд. Он ба нақл аз матбуъоти Ҳиндустон мегӯяд, аллакай бурҷи назорати ин фурудгоҳ сохта шудааст. Аммо сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Игор Сатторов гуфтааст: "Ман ин хабарро на тасдиқ карда метавонам ва на рад. Беҳтар аст, дар ин маврид аз эҳтиёт кор гирифта шавад." Хабари таъсиси пойгоҳи Ҳиндустон дар Тоҷикистон аз соли 2001 ба ин сӯ борҳо матраҳ шудаву қариб ҳамеша аз тарафи намояндагони баландпояи Тоҷикистон рад шудааст. Ҳиндустон аз соли 1997 то 2001 дар Фархори Тоҷикистон шифохонаи ҳарбие дуруст карда буд, ки дар он сарбозу афсарони захмии Эътилофи Шимоли Афғонистон муолиҷа мешуданд. Нигаред ба бахши гузоришҳо.
XS
SM
MD
LG