Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи нахуствазири мунтахаби Ироқ


Нахуставизири мунтахаби Ироқ Ҷавод-ал-Маликӣ гуфт, вай умед дорад, ки дар 15 рузи оянда феҳристи аъзои кабинаи нави ҳукуматро барои баррасӣ ба парламони кишвараш пешниҳод мекунад. Оқои Маликӣ дар семати нахуствазирӣ Иброҳими Ҷаъфариро иваз мекунад. Ҷаъфарӣ баъд аз буҳрони чормоҳа дар ташкили ҳукумати нави Ироқ бо хости худ истеъфо додааст. Оқои Малик зимни суханони худ аз тариқи телевизион изҳор дошт, ки ташкили ҳукумати навро суръат хоҳад бахшид. Нахуставизири мунтахаби Ироқ таҳти фишори шадиди Амрико қарор дорад, то ҳар чӣ зудтар ҳукумати навро ташкил кунад ва ба ин тартиб дар Ироқ аз ҳар гуна хушунату ҷудоиталабиҳои дохилӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд. Интихоботи Ироқ моҳи декабри соли 2005 баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG