Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе фарҳангшиносони чаҳор кишварро ҷамъ меоварад


Масъалаи ҳифзи фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ дар як ҳамоиши байналмилалии дурӯза дар шаҳри Душанбе матраҳ хоҳад буд. Мубтакирони он, Бунёди Сорос ва Маркази пажӯҳишоти стротежии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон мебошанд ва ҳамоиш рӯзи 27 апрел ба кори худ оғоз хоҳад кард. Ин ҳамоиш санъатшиносон ва фарҳангшиносон аз Тоҷикистону Эрон ва Афғонистону Узбакистонро ҷамъ меорад ва бино бар навиштаи варақае, ки дафтари бунёди Сорос дар Душанбе интишор кардааст, пас аз ҳамоиши мазкур, як маҷмӯъаи мақолоти илмӣ дар мавзӯъи матруҳа нашр мешавад.
XS
SM
MD
LG