Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон- барандаи ҷоми даъвати AFC


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барандаи Ҷоми даъвати Конфедератсиони футболи Осиё гардид.
Футболбозони тоҷик дар бозии ниҳоии ин мусобиқот бегоҳи якшанбеи 16 апрел дар варзишгоҳи «Бангабанду»-и пойтахти Бангладеш -- шаҳри Дакка бар тими миллии Шри-Ланка бо натиҷаи 4 бар 0 пирӯз шуданд.

Ҷомихон Муҳиддинов дар аввалин дақиқаи дидор ҳисобро боз кард. Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 45-ум голи дуввумро вориди дарвозаи дастаи Шри-Ланка сохт. Ду голи дигарро дар қисми дуввуми бозӣ Нӯъмон Ҳакимов дар дақиқаи 61-ум ва Ҷомихон Муҳиддинов дар дақиқаи 70-ум ба самар расонданд. Ба ин тартиб тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти сарварии мураббии маъруф Шариф Назаров дар ин мусобиқот,ки бо ширкати 16 дастаи мунтахаби миллии кишварҳои «зуҳурёфта»-и қорраи Осиё барои аввалин бор баргузор шуд, мақоми аввалро ишғол кард ва соҳиби Ҷоми даъвати AFC гардид.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG