Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То куҷо Тоҷикистон давлати иҷтимоъист?


Ширкаткунундагони як мизи гирд дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба таҳаққуқи арзишҳои иҷтимоигароӣ ё сотсиал демократӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Зимни ин нишаст таъкид шуд, ки агарчанд Қонуни асосии Тоҷикистон ин кишварро ба унвони як кишвари иҷтимоъӣ эълон кардааст,аммо ин арзишҳо то кунун дар Тоҷикистон таҳаққуқ пайдо накарда ва баръакс,хилофи усули давлати иҷтимоъӣ амал мешавад.Раҳматулло Зойиров раиси ҲСДТ дар ин замина гуфт дар Тоҷикистон ягон нишонаи давлати иҷтимоъӣ мушоҳида намешавад ва аз ҷумла тафовути маъош дар Тоҷикистон то 2000 маротиба ба назар мерасад.
Аммо Сайид Аҳмадов мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин иддаъоро беасос хонд ва гуфт,ки бештар аз нисфи буҷаи давлати Тоҷикистон барои соҳаи иҷтимоъӣ масраф шуда ва дар воқеъ усули Қонуни асосӣ таъмин шудааст.Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар остонаи интихобот як навъ фишор ва маҳдудсозии аҳзоб мушоҳида мешавад.Аз ҷониби дигар ҳизбҳои сиёсӣ имкони истифода аз ВАО ва баёни назароти худро надоранд ва расонаҳои хабарии худро наметавонанд мунташир кунанд. Ширкаткунундагони ин нишаст, хостори расидагӣ ва фароҳам кардани шароити мусоидтар дар остонаи интихобот барои фаъолиятҳои сиёсии аҳзоб шуданд.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG