Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳзорияи расмии додгоҳ ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) мегӯяд, Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зимни шикояти Ширкати обу корезии пойтахт алайҳи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба раҳбарияти ин ҳизб эҳзорияи расмӣ ирсол доштааст. Муҳиддин Кабирӣ, муовини раиси ҲНИТ бо таъйиди ин матлаб гуфт, санади расмӣ дар ин замина 3 апрел ба дафтари марказии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе ворид шуда, дар он омадааст, ки зарфи ду рӯз бояд Нурӣ ҷиҳати ошноӣ бо иддаъои матраҳ намудаи Ширкати обу корезии Душанбе алайҳи ӯ дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҳузур ёбад. Зебо Абдураҳмонова, додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, ки масъули баррасии шикоёти ворида алайҳи Нурист, дар сӯҳбати бидуни микрофон ирсоли даъватнома ба Нуриро аз сӯи ин додгоҳ таъйид намуд, вале аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.
Ҳудуди як моҳ қабл Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе гуфта буд, ки се ниҳоди марбут ба ширкати обу корезии пойтахт алайҳи раиси ҲНИТ ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурдаанд. Вале он замон мақомоти ҲНИТ мегуфтанд, дар ин робита санади расмие нагирифтаанд. Ширкати обу корези шаҳри Душанбе ба дунболи нашри мусоҳибаи ихтисосие бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳафтаномаи «Миллат» сарвари ҲНИТ-ро ба он гунаҳкор медонад, ки гӯё ӯ дар ин мусоҳиба мақомоти ширкати обу корезии Душанберо ба фасодкорӣ муттаҳам намудааст. Аммо Нурӣ дар вокуниш ба ин қаблан гуфта буд, ки дар мусоҳибааш ҳеҷ ишораи мустақиме ба даст доштани мақомоти ин ширкат дар фасодкорӣ нашудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG