Пайвандҳои дастрасӣ

Президент Раҳмонов аз "квота"-и худ ҳимоят кард


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов хостори иҷрои ҳатмии саҳмияи таҳсили духтарони деҳот дар донишгоҳҳои кишвар шуд. Вай дар ҷаласаи аъзои ҳукумат ба вазири маориф дастур дод, барои таҳсили духтарон дар мактабҳои олӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Чунончи, то охири моҳи август бояд ду хобгоҳ барои 600 нафар духтарони донишҷӯ омода шавад.
Саҳмияи президентии таҳсили духтарон дар мактабҳои олӣ солона ба 400 хатмкунандаи мактабҳои миёна дар деҳоти кӯҳистон имкон медиҳад, бе супурадни имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳҳо шомил шаванд. Дар ду соли охир, на ҳамаи мактабҳои олӣ ин саҳмияро дар назар гирифтанд ва дар байни аҳолӣ ақидае паҳн шуд, ки "квотаи президентӣ" баҳам хӯрдааст. Ҳамчунин духтарони донишҷӯ борҳо, аз ҷумла дар барномаҳои радиои Озодӣ шикоят кардаанд, ки бо вуҷуди вуруди осон ба донишгоҳ онҳо аз оддитарин шароити зист ва таҳсил маҳрум буда, аксари духтароне, ки тибқи ин саҳмия донишҷӯ мешаванд, баъд аз муддате маҷбур мегарданд, таҳсилро партоянд.
XS
SM
MD
LG