Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Абдураҳмонро пас фиристодаанд


Додгоҳи Афғонистон имрӯз парвандаи пурсарусадои Абдураҳмонро барои таҳқиқи дубора ба додситонӣ пас фиристод. Ансоруллоҳ Мавлавизода, қозии мурофиа мегӯяд, дар матни парванда мушкилоти фанниву ҳуқуқӣ вуҷуд доранд.

Абдураҳмон, шаҳрванди 41-солаи афғон, ки 15 сол пеш ба дини масеҳӣ гаравидаааст, ҳафтае пеш баъди бозгашташ ба ватан бо ҳидояти аҳли хонаводаи худи ӯ боздошт шуд. Қарор аст, акнун вазъи сиҳҳати равониву ақлонии Абдураҳмон аз нав ташхис шавад.Зиморой Ҳамидӣ, сухангӯи додситонии кулли Афғонистон имрӯз ба ин идора пас омадани парвандаи Абдураҳмонро таъйид кард.

Эҳтимоли ба қатл маҳкум шудани Абдураҳмон, ки ҳафтае пеш баъди бозгашташ ба Афғонистон боздошт шуд, сарусадоҳои зиёдеро дар маҳофили байналмилалӣ ба по карда буд. Попи Рум Бенедикти 16 низ бо ирсоли як нома аз раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай хостааст, ки Абдураҳмонро афв кунад.
XS
SM
MD
LG