Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи милиса ба эътирозгарон дар пойтахти Беларус


Нирӯҳои милисаи Беларус имрӯз издиҳоми мухолифини тазоҳургарро дар ҳоле ҳадафи ҳамла қарор додаанд, ки онҳо бо талаби раҳоии афроди дар пайи интихоботи рӯзи 19 март боздоштшуда ба сӯи мақари боздоштгоҳи шаҳри Минск раҳсипор буданд. Хабарнигори бахши беларусии Родиёи Озодӣ дар Минск мегӯяд, Александр Казулин, номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурии гузашта, ки раҳбарии ин раҳпаймоиро бар дӯш дошт, низ боздошт шудааст. Аммо ҳамсари Александр Милинкевич, номзади дигари мухолифин дар интихобот хабари боздошт шудани шавҳарашро радд кардааст. Ҳамзамон бо ҳамлаи нирӯҳои милиса дар минтақа чанд таркиш ҳам рух додааст.

Як зани тазоҳургар чӣ тавр шурӯъ шудани ҳамлаи нирӯҳои милисаро дар сӯҳбат бо бахши беларусии РО чунин тасвир кард: "Мо ҳадафи ҳамлаи милисаҳое қарор гирифтем, ки ба онҳо як сарҳанг фармондеҳӣ мекард. Онҳо бо калтак ба задани мардум сар карданд. Шаш нафар якеро мезад. Онҳо ҳатто кӯдаконро ҳам мезаданд."

Ин дар ҳолест, ки гирдиҳамоии мухолифин дар майдони Янка Купалаи Минск имрӯз оромона поён ёфта буд.
XS
SM
MD
LG