Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии Акбари Ганҷӣ


Хабарнигори дигарандеши эронӣ Акбари Ганҷӣ дирӯз дар пайи адои 6 сол ҳукми зиндон аз маҳбас озод шуд.
Маъсумаи Шафеъӣ, ҳамсари Акбари Ганҷӣ ба хабарнигорон гуфт, бо вуҷуди тақрибан адо шудани мӯҳлати ҳукмаш озодии Ганҷӣ барои ӯ ҳодисае ғайриинтизор будааст.

Бо ин ҳол, ноиби додситони Теҳрон дар умури маҳбасот Маҳмуд Солоркиё гуфтааст, ки замони ҳукми Акбари Гнаҷӣ 30 март ба поён мерасад. Аммо рӯшан нест, ки оё Ганҷӣ мукаллаф аст барои адои ин чанд рӯзи боқимондаи ҳукмаш ба маҳбас баргардад ё хайр.

Ганҷӣ, маъруфтарин маҳбуси сиёсии солҳои охири Эрон буда, соли 2000 дар пайи нашри як силсила мақолот дар бораи рабт доштани мақомоти баландпояи эронӣ дар кушторҳои сиёсӣ ба зиндон кашида шуд.
XS
SM
MD
LG