Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори хадамоти амнияти Беларус


Дар ҳоле ки мақомоти амниятии Беларус аз таҳдиди табаддулоти давлатӣ ҳушдор медиҳанд, Кумисюни Аврупо гуфтааст, Беларус дар ҳоли тақаллубкорӣ дар интихобот бо таҳримҳои нав рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Кумитаи амнияти миллии Беларус оппозисюнро дар таҳияи табаддулоти давлатӣ айбдор карда, ҳушдор дод, ки ҳар кас бо эътироз дар рӯзҳои интихобот гирдиҳамоӣ кунад, ҳамчун террорист маҳкум хоҳад шуд. Дар он сурат ба афроди айбдоршуда аз 8 соли зиндон то ҳабси якумрӣ ва ҳатто ҳукми қатл таҳдид хоҳад кард. Раиси Кумитаи амнияти миллии Беларус Стсяпан Сухаренко Гурҷистонро дар таҳияи табаддулоти оянда айбдор намуд. Вале мақомоти Тифлис ин изҳоротро "ёва" номиданд.
Дар ҳамин ҳол Ватслав Ҳавел ва Лех Валенса, президентҳои пешини Чех ва Лаҳистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки пуштибонии худро аз номзади оппозисюн дар интихоботи 19-уми марти Беларус Аляксандр Милинкевич нишон диҳад. Онҳо ӯро "сиёсатмадори сабки Аврупо дар муқобили режими худкомаи Лукашенко" унвон карданд.
XS
SM
MD
LG