Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои байнулмилал аз ҳабси хабарнигорон дар Туркманистон


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch аз ҳабси ду хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ изҳори нигаронӣ кард. Мурод Ҳоммадов ва Ҷумъадурдӣ Авезов рӯзи 7-уми март аз тарафи полис боздошт шуда, ба хешовандони онҳо ва ба Радиои Озодӣ сабаби ин воқеъа шарҳ дода намешавад.
Мудири Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Рейчел Денбер ба Бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, кӯшиши ин созмон дар дарёфти иттилоъ бенатиҷа будааст. Вай мегӯяд, Созмони Дидбони ҳуқуқи башар аз мақомоти Туркманистон даъват кардааст, ки хабарнигорон фавран озод карда шаванд. Денбер ҳукумати Туркманистонро дар фишор ба озодандешон айбдор карда, онро "золимтарин ҳукумати ҷаҳон" номид. Вай гуфт, дар ин кишвар ба матбуоти мустақил ва садои мустақил иҷоза дода намешавад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд масъалаи ҳабси хабарнигоронро дар баландтарин сатҳ матраҳ кунад.
Ҳамчунин Федерасиюни ҳуқуқи башари Ҳелсинки ва Ташаббуси ҳуқуқи башари туркманҳо дар як паёми муштарак аз боздошти хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Туркманистон бонги изтироб заданд.
XS
SM
MD
LG