Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши байналмилалии устодони забони форсӣ дар Душанбе


Панҷумин анҷумани байналмилалии устодони забон ва адабиёти форсӣ дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард. Анҷумани мазкур бо ибтикори Конуни байналмилалии устодон ва пажӯҳишгарони забони форсӣ дар ҳамоҳангӣ бо Фарҳангистони улуми Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар он намояндагони ҳашт кишвари минтақа ва ҷаҳон, ба шумули Тоҷикистон Эрон, Афғонистон, Омрико, Итолиё, Чин ва Узбакистону Қазоқистон ширкат меварзанд.

Анҷуман то 10 март идома меёбад ва қарор аст бо ироаи мақолот ва назару пешниҳодҳои илмӣ ширкаткунандагон дар ҷараёни он вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди забони форсиро баррасӣ кунанд.

Дар чорчӯби Анҷумани байналмилалии устодони забони форсӣ ҳамчунин қарор аст ҳамоиши панҷуми устодони забону адабиёти форсу тоҷик низ баргузор гардад. Дар кори ин ҳамоиш пажӯҳишгарону коршиносон аз кишварҳои Покистону Ҳинд, Лубнон ва Омрикову Чин ширкат меварзанд ва рӯи фароянд ва ҷанбаҳои муҳимми забоншиносии имрӯзаи форсу тоҷик табодули афкор менамоянд.

Анҷумани байналмилалии устодони забону адабиёти форсӣ дар ду сол як бор ташкили ҷаласа медиҳад. Нишасти гузаштаи он ду сол қабл дар шаҳри Теҳрон-пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон доир шуда буд.
XS
SM
MD
LG