Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Лигаи ҳуқуқи инсон аз вазъи ақаллиятҳои миллӣ дар Ӯзбакистон


Лигаи байнулмилалии ҳуқуқи инсон (ILHR) дар гузорише, ки имрӯз ба Созмони милали муттаҳид (СММ) ирсол дошт, ҳукумати Ӯзбакистонро танқид кард, ки ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ақаллиятҳои миллиро поймол мекунад. Дар гузориш гуфта мешавад, мақомоти Ӯзбакистон бо идомаи одати давраи шӯравӣ шумораи бархе аз гурӯҳҳои қавмиро, ба монанди ӯзбакҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва украинҳо, ба таври сохта беш аз буда нишон дода, дигарон, аз ҷумла тоҷикон ва туркманҳоро аз будашон камтар нишон медиҳанд. Шумориши алтернативии ғайриҳукуматӣ теъдоди ин гурӯҳи аҳолиро 40-45 дарсад муайян кард, дар ҳоле ки ҳукумати Ӯзбакистон онҳоро наздик ба 20 дарсад нишон медиҳад ва тафтиши ин арқом номумкин аст, зеро ҳукумат дар 15 соли баъд аз истиқлолият саршумори фарогир ва комил анҷом намедиҳад. ILHR мегӯяд, фишор ба ақаллиятҳои миллӣ дар Ӯзбакистон пас аз рӯйдодҳои моҳи майи соли гузаштаи Андиҷон ба маротиб афзоиш ёфтааст. ILHR ин гузориши худро дар ҷавоб ба ҳисоботи ҳукумати Ӯзбакистон нашр кардааст, ки ба Кумитаи маҳви табъизи нажодии СММ пешниҳод шуда, дар он мақомоти Тошканд гуфтаанд, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро комилан риоя мекунанд.
XS
SM
MD
LG