Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба созиш дар масъалаи ҳаставӣ моил аст


Эрон қабули пешниҳоди Русия дар масъалаи ғанигардонии уранро аз эҳтимол дур намедонад. Дар айни замон Ҷумҳурии Исломӣ бар ин назар аст, ки баъзе масъалаҳо, аз ҷумла вақт ва макони ин амал, бояд баррасӣ шавад.
Аснои зиёрати кӯтоҳ аз Индонезия вазири умури хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ гуфт, "Эрон ба созиш ҳозир аст".
Раиси Агентии Атомии Русия Сергей Кириенко барои баррасии пешниҳоди Маскав, ки ҳадаф аз он рафъи нигарониҳои мамолики ғарбӣ мебошад, ба Теҳрон сафар хоҳад кард.
Кишварҳои ғарбӣ изҳори ташвиш мекунанд, ки Эрон дар паи тавлиди силоҳи ҳаставӣ аст.
Рӯзи 22 феврал дар шаҳри Боку президенти Русия Владимир Путин гуфт: "Ҳанӯз ҳам умед аст, ки Теҳрон пешниҳоди Маскавро мепазирад".
Рӯзи 24 феврал муовини вазири умури хориҷии Чин Лу Гуозен барои табодули назар дар масъалаи ҳаставӣ ба Теҳрон сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG