Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармои ногаҳонӣ дар зимистон


Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон пас аз сармои ҳафтаи гузашта ва барфи калон рӯзи чоршанбе ба 20 дараҷаи селтсия расида, рӯзи панҷшанбе дар сатҳи 18 дараҷа қарор гирифтааст. Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ин гармтарин ҳарорат дар ин вақти сол дар чил соли охири аст. Гармии ҳаво дар Қӯрғонтеппа ва атрофи он аз 22 дараҷаи селтсия низ гузаштааст. Ба гуфтаи ин маркази нафаси гармо аз нимҷазираи Арабистон ба Осиёи марказӣ расида, сарморо аз ин ҷо берун рондааст. Дар айни ҳол ҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки ин гармо муваққатӣ буда, дар рӯзҳои баъдӣ боронҳои дарозмуддат сар мешаванд ва дар кӯҳистон барф меборад. Аммо имрӯзҳо мардум аз гармои ногаҳонӣ шод аст, зеро маводи сӯхт захира мешавад ва ҳам одамон бо лисбосҳои сабук ба кӯча баромада, дар боғҳои шаҳр истироҳат мекунанд.
XS
SM
MD
LG