Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати се созмони мӯътабари байналмилалӣ аз эътирозгарони мусалмон


Се созмони мӯътабари байналмилалӣ - Созмони Конфаронси Исломӣ (СКИ), Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Иттиҳодияи Аврупо (ИА) - муштаракан ҳамаро дар робита ба нашри тасовири танзомези паёмбари Ислом дар матбуоти аврупоӣ ба гуфтугӯ даъват карданд. Дар изҳороти хаттии ин се созмон омадааст, ки онҳо мояи хашми ҷаҳони исломиро дар робита ба нашри ин тасовир дарк мекунанд, вале хушунатҳои ахир, ба ақидаи онҳо, хориҷ аз ҳадди эътирозҳои осоишта буд.

Сарвазири Донмарк, Андерс Фог Расмуссен дирӯз ин эътирозҳоро як бӯҳрони ҷаҳонӣ ба қалам дода, ҳамаро дар қиболи қазия ба оромӣ даъват кард. Расмуссен ҳушдор дод, ки исломиҳои тундрав метавонанд ҷанҷоли пешуфтодаро бо қасди амалӣ сохтани аҳдофи худ истифода кунанд.

Тасовири ҳаҷвии паёмбари Ислом ибтидо моҳи сентябр дар рӯзномаи дониёии Ҷиллендс Постен ва баъдан дар расонаҳои дигар ба нашр расида, дар ин авохир авҷи эътирозҳоро дар кишварҳои мусалмонӣ ба бор овард. Дар ҷараёни ҳамлаи издиҳом ба мақари нирӯҳои Норвей дар шаҳри Майманаи Афғонистон 4 нафар аз тири нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон издиҳом дирӯз ҳам сохтмони сафоратхонаи Донмаркро бо сангу коктейлҳои Молотов ҳамла кардааст.

Бо ин ҳол, Амрико тасмими рӯзномаи эронии "Ҳамшаҳрӣ"-ро, ки гуфтааст, дар посух ба нашри тасовири танзомези паёмбари Ислом дар матбуоти Аврупо тасовири танзомезе дар бораи қатли оми мардуми яҳудӣ дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонро ба табъ хоҳад расонд, маҳкум кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Шон МаКормак пуштибонии кишвараш аз озодии баёнро мукараран изҳор дошта, аммо тасмими нашрияи "Ҳамшаҳрӣ"-ро "таҳқировар" номид.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG