Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми амалиёти наҷотбахшӣ дар Ҷиргатол


Вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз 36 соат амалиёти наҷотбахшӣ ва ҷустуҷӯии афроде, ки дар ноҳияи Ҷиргатол, 300 километрии шарқи Душанбе зери тарима монда буданд, пурра анҷом ёфт. Ҳамзамон, Дафтари матбуоти вазорати мазкур хабари афзоиш ёфтани шумори қурбониёни ҳодисаи тармаоӣ дар ноҳияи Ҷиргатолро такзиб намуд ва гуфт, дар маҷмӯъ, 18 нафар ба дунболи ин ҳодисаи нохуш ҷони худро аз даст додаанд. Дӯстмурод Забиров, масъули дафтари матбуоти вазорати мазкур гуфт, бинобар бориши барфи зиёд ҳамоно дар минтақаи Ҷиргатол ва дигар навоҳии шарқи кишвар хатари тармаоӣ боқӣ мемонад. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир, дар водии Рашт ситоди минтақавии рафъи оқибатҳои табиӣ ба поксозии барфи роҳу ҷодаҳои аслии мошингарди минтақа сафарбар шудааст. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон резиши тарма дар ду деҳаи минтақаи Кабудҷари ноҳияи Нуробод низ боиси тахриби 9 манзили маскунӣ шудааст. Аммо он гуна, ки гузориш шудааст, ҳодисаи мазкур талафоти ҷониро дар пай надоштааст. Дафтари матбуоти вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, бориши барфи зиёд эҳтимоли фуруд омадани тарма ва канда шудани сангу кӯҳпораҳоро дар масири ҷодаҳо афзоиш додааст. Дӯстмурод Забиров, масъули дафтари матбуоти вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон гуфт, чунин маврид дуюми феврал дар километри 350- уми шоҳроҳи Хоруғ - Душанбе ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳафтаи равон гармшавии нисбии ҳаво дар назар аст ва то чанд рӯзи дигар, хатари резиши тарма дар навоҳии кӯҳии кишвар боқӣ мемонад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG