Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори раҳбари донишкадаи низомии Тоҷикистон


Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, субҳи рӯзи ҷумъаи 27 январ генерал - майор Ҳокимшо Ҳафизов, раҳбари Донишкадаи низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон дар назди манзилаш дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Дафтари матбуоти вазорати умури дохила ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот аз додани иттилооти бештар худдорӣ кард. Абдусамеъ Додобоев - муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон низ ба бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи фаврӣ ба тафтиши фоҷиа шурӯъ кардааст:

Парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст аз рӯи моддаи "одамкӯшӣ", тафтишот шурӯъ гардид. Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронд, шоҳидон, шахсонеро, ки дар гирду атроф буданд, пурсуҷӯ карда истодааст.

Тибқи иттилоъи расида, генерал - майор Ҳокимшо Ҳафизов соати ҳашту ними субҳ дар назди хонааш, ҳангоме ки ба мошин менишастааст, аз тири таппончаи Макаров ба ҳалокат расид. Ӯ аз соли 1998 сарварии донишкадаи низомии вазорати дифоъи Тоҷикистонро ба дӯш дошт.
XS
SM
MD
LG