Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Заррабин: Ироқ -- водии марги журналистон


Кумитаи дифоъ аз журналистон Ироқро пурхатартарин ҷои ҷаҳон барои журналистон номид. Cозмони хабарнигорони бидуни марз низ гуфт, Ироқ ҳамоно ба ҳайси чунин ҷо боқӣ мемонад. Намояндаи он Аннабел Арки мегӯяд:"Хатарноктарин минтақаи ҷаҳон барои журналистон дар соли гузашта, бешубҳа, Ироқ буд, бо сабаби ҷанг дар ин кишвар. Бисёр журналистон дар ин ҷо кушта шуданд."
Ба қавли Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуот дар Ироқ дар соли 2005 22 журналист ба ҳалокат расид. Дуюмин ҷои пурхатар Филпин номида шуд. Дар ин ҷо 7 журналист кушта шуд ва шаш журналист дар кишварҳои шӯравии собиқ, ба монанди Беларус, Русия, Озарбойҷон ва Қазоқистон. Зиёда аз 800 журналист дар сартосари ҷаҳон ба кунҷи зиндон афканда шуд, наздик ба якуним ҳазор журналист мавриди ҳамла, латукӯб ва таҳдид ва як ҳазору шаш расонаи гурӯҳӣ мавриди сонсур ва фишор қарор гирифт.
Дар тафовут аз солҳои пеш бори аввал Иёлоти Муттаҳида дар паҳлуи Муанмар ва Ӯзбакистон яке аз пешсафони ҳабси журналистон унвон гирифт. Додгоҳи Амрико ду журналисти амрикоиро барои фош накардани манбаъи иттилоъ ба ҳабс маҳкум кард ва ҳарбиёни ИМ чор журналистро дар Ироқ ва якеро дар Гуантанамо дар боздошт нигаҳ медоранд. Мудири Кумитаи дифоъ аз журналистон Эн Купер мегӯяд: "Ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида журналистонро боздошт кардаанд. Журналистони ироқиро, ки бе ин ҳам дар шароити сахте кор мекунанд, дар зери бомбаҳо ва тирборон. Акнун онҳо бояд аз боздошти бемаҳкамаи нирӯҳои амрикоӣ низ дар ҳарос бошанд. Ҳарбиён мегӯянд, мутмаин нестанд, шояд ин ироқиҳо дар фаъолиятҳои тахрибгарона шарик бошанд. Аммо онҳоро барои ҳафта ва моҳҳо дар ҳабс нигоҳ медоранд ва баъдан бе ягон иттиҳом озод мекунанд."
Аз вижагиҳои дигари соли 2005 барои журналистон, созмонҳои байнулмилал тағйири фазои иттилоотиро дар Русия муҳим донистаанд. Мудири бахши таҳқиқ дар созмони Фридом Ҳаус ё Хонаи озодӣ Арч Паддингтон гуфт, ки дар оғози "перестройка" ё бозсозӣ Русия фазои озодтаре дошт, то ҳоло. Матбуот ториктарин гӯшаҳои ҷомеъаро таҳқиқ мекард. Насли нав ва рӯшанфикрон аз матбуот пуштибонӣ мекарданд. Тазод ба назари Паддингтон дар он аст, ки дар қиёс бо он давра ҳоло дар Русия ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ пеш меравад, қишри миёна густариш меёбад, созмонҳои ғайридавлатӣ фаъоланд, аммо озодии сухан зери фишори ҳукумат аст.
Дар изофа ба ин гуфтаҳо муқоисаи сатҳи озодии иқтисодӣ ва озодии сухан дар ҷаҳон нишон медиҳад, ки таҷрибаи кишварҳои шӯравии собиқ ақидаи ҳампайвандии ин ду омилро зери суол гузоштааст. Дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи Созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи журналистон, ҳарос аз инқилобҳои ранга сабаби афзоиши фишор ба матбуот шудааст. Ин ҳолат дар Қазоқистон ва Озарбойҷон дар арафа ва ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ ба таври барҷаста ба мушоҳида расид.
Дар Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2005 интихоботи порлумонӣ дошт, чанд нашрия аз чоп афтода, додгоҳ ба василаи фишор табдил ёфт. Аз чор парвандаи пурсарусадои зидди журналистон танҳо якеаш мустақиман ба чопи матлаб бастагӣ дошт ва бақия бар пояи иттиҳоми ҷудо аз фаъолияти касбии журналистон сохта шуданд. Озодии Ҷумъабой Толибов номи Тоҷикистонро аз рӯйихати сиёҳи созмонҳои байнулмилалӣ дар охирин лаҳзаи пеш аз нашри онҳо хориҷ намуд. Ва Афғонистон баъд аз як соли хушномӣ зимни чанд ҳодисаи фишор ба матбуот дар гузориши созмонҳои байнулмилал зикр гардид. Журналист ва фақеҳи афғон Алии Муҳаққиқнасаб бо иттиҳоми таҳқири ислом ба ду соли ҳабс маҳкум шуда, додгоҳи бознигарӣ ин ҳукмро то ним сол кам кард. Ба гуфтаи вай сиёсатмадорон танҳо дар забон аз мардумсолорӣ ва озодии сухан ҳарф мезананд, вале худ ба гуфтаҳои худ бовар надоранд.
XS
SM
MD
LG