Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми эронӣ дар Маскав ҳамкориҳои ҳастайиро баррасӣ мекунад


Рӯзи сешанбе фиристодаи баландпояи Эрон дар Маскав бо раҳбарияти Оҷонсии энержии атомии Русия ҳамкориҳои ҳастаии дуҷонибаро баррасӣ намуд. Музокироти миёни муовини вазири умури хориҷаи Эрон Меҳдӣ Сафарӣ ва Сергей Кириенко, раиси Оҷонсии энержии атомии Русия ("Росатом") ҳудудан се соат идома кард ва назар ба гузоришҳо, ба мавзӯи бунёди истгоҳи ҳастаии Бушеҳр бахшида шуд. Оқои Сафарӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки нерӯгоҳи мазкур дар соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Расонаҳои русӣ иттилоъ медиҳанд, ки ин ду мақом инчунин пешрафтҳои Камиссиюни муштараки русиву эрониро баррасӣ кардаанд, ки фаъолияти он ба масоили тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодии миёни ин ду кишвар тамаркуз ёфтааст. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ҷонибҳо пешниҳоди Маскавро оид ба имкони роҳандозӣ шудани барномаҳои ғанисозии ураниуми Эрон дар қаламрави Русияро баррасӣ кардаанд ё хайр. Кириенко дар ҳафтаи гузашта бо муроҷиати дубора ба ин мавзӯъ дар баробари Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия гуфт, Эрон "шавқмандии худро" нисбати ин пешниҳод изҳор кардааст. Чунин пешниҳод ба хотири рафъи нигарониҳои Амрикову Аврупо нисбат ба барномаҳои ҳастаии Эрон карда шуд, ки мегӯянд, эҳтимол дорад, Теҳрон дар андешаи тавлиди аслиҳайи ҳастаӣ мебошад. Теҳрон ҳамеша ин гуна иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки барномаи ҳастии Эрон ҳадафҳои сулҳомез дорад.
XS
SM
MD
LG