Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи обтаъминкунии Тоҷикистон ба 900 миллион $ ниёз доштааст


Абдуқодир Назиров, вазири обу обёрии Тоҷикистон рӯзи бистуми январ дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфт, дар ҳоли ҳозир, 47 % -и аҳолии деҳот ва 93 %-и аҳолии пойтахт бо оби софи ошомиданӣ таъмин мебошад. Ҷаноби Назиров таъкид кард, ки барои таъмини аҳолии кишвар бо оби соф ҳиссаи созмонҳои байнулмилалии молӣ ва кишварҳои кӯмаккунандаи Тоҷикистон хеле муассир аст. Вазири оби Тоҷикистон гуфт, татбиқи барномаи миллии обтаъминкунии аҳолии кишвар ва обёрии заминҳои кишт, ки барои солҳои 2006-2015 пешбинӣ шудааст, ба 900 миллион доллари амрикоӣ ниёз дорад. Вай гуфт, дар сурати татбиқ шудани барномаи мазбур, 76 %-и аҳолии деҳот ва 100 % -и аҳолии шаҳр бо оби софи ошомиданӣ таъмин хоҳад шуд. Бино ба маълумоти вазорати обу обёрии Тоҷикистон, дар соли гузашта 12.000 ҳектар замин обёрӣ ва мавриди кишт қарор дода шудааст. Аз ҳисоби сармоягузори хориҷӣ беш аз 7 миллион $ ҷиҳати соҳилбандии дарёҳо масраф шудааст. Дар навоҳии кӯҳистон, ҳудуди 10 километр хатти нави қубурҳои обгузар сохта ба истифода дода шудааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG