Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се муовини Кумитаи марзбонӣ аз кор барканор шуданд


Саидамир Зуҳуров, раиси Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон бо судури як фармон генерал Нуралишоҳ Назаров, муовини аввали худ ва сардори ситоди нируҳои марзбонро аз вазифааш барканор кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи марзбонии Тоҷикистон, бар асоси фармони дигари раиси ин Кумита муовинони дигар -- Абдуҷаббор Ҳомидов ва Мирзохӯҷа Низомов низ сабукдӯш шуданд.
Дафтари матбуоти Кумитаи марзбонӣ иттилоъ медиҳад, ки ин тағйирот ба асоси амри раиси ҷумҳурӣ Имомалӣ Раҳмонов сурат гирифтааст. Ва тибқи он ба ҷои Генерал Нуралишоҳ Назаров дар вазифаи муовини аввал Сафаралӣ Сайфулоев таъин шуд. Генерал Сайфулоев панҷ сол қабл дар ҳамин вазифа буд ва бо сабаби сардори атташеи низомии Тоҷикистон дар Русия таъин шуданаш аз ин вазифа барканор шуда буд. Тибқи фармони раиси кумита имкон дорад, ки генерал Нуралишоҳ Назаров ба вазифаи дигаре дар ҳамин кумита пазируфта шавад.
Ва аммо роҷеъ ба сабаби ин аз кор барканор шудани муовинони кумитаи марзбонӣ иттилое дода нашудааст.
Ахиран, баъзе нуқтаи назарҳо аз тариқи расонаҳои хабарии ҷаҳон пахш шуд, ки гӯё бо хуруҷи марзбонони Русия аз Тоҷикистон назорат дар имтидоди марзи ин кишвар бо Афғонистон заиф шуда ва марзбонони тоҷик гӯё натавонистаанд вазоифи худро дар роҳи назорати марз ҳамаҷониба анҷом диҳанд.
Як рӯз қабл дар як нишасти муҳим дар ҳузури намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ниҳодҳои қудратии кишвар, аз ҷумла намояндагони Кумитаи марзбонӣ дар посух ба чунин иддаоҳо мегуфтанд, ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҳамаҷониба аз ӯҳдаи назорати марзи кишвар бо Афғонистон мебороянд.
Дар ин робита коршиноси Пажуҳишгоҳи стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайюр Қаҳҳоров мегӯяд: «Ҳадаф аз ин тағйирот ба соҳаи марзбонӣ ҷалб намудани кадрҳои шоиста мебошад».
Бино ба иттилои Кумитаи марзбонии Тоҷикистон, оид ба сарнавишти муовинони дигар генералҳои марзбонӣ Абдуҷаббор Ҳомидов ва Мирзохӯҷа Низомов феълан иттилое вуҷуд надорад. Мирзохӯҷа Низомов собиқ фармондеҳи Иттиҳодияи мухолифини тоҷик буд, ки тибқи саҳмияи сӣ дарсадаи оппозисион дар сохторҳои ҳукуматӣ ба симати раиси Кумитаи гумрук ва сипас ба мақоми муовини раиси кумитаи давлатии марзбонӣ таъин шуда буд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG