Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи ронандаҳои эътирозгари Панҷакент бо мақомот


ШР

Комиссияи иборат аз намояндагони мақомот ва ронандаҳои микроавтобусҳо дар ноҳияи Панҷакент баъд аз 12 рӯзи баҳсу талошҳо дар сари таъини киропулӣ ба тавофуқ расида ва пешниҳоди аввалияи ҳукумат дар мавриди аз 40 ба 30 дирам поин бурдани киропулии микроавтобусҳои дохили шаҳрро қабул кардаанд. Дар авохири соли гузашта беш аз сад ронандаи микроавтобусҳои мусофирбари шаҳри Панҷакент ба нишони эътироз аз бидуни мувофиқа коҳиш додани арзиши киропулӣ аз ҷониби мақомоти ноҳия даст ба коршиканӣ зада буданд. Барои ҳалли ин қазия як комиссияи вижаи ҳукуматӣ таъсис шуда буд. Зафарҷон Атоев, раиси ин комиссияи вижа ва муовини раиси шаҳри Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби тӯл кашидани баррасии масъалаи мазкур ин ҳамаҷониба дида баромадани пешниҳоди ронандаҳои микроавтобусҳо ва нарху навои қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар васоили марбути нақлиёт буд. Ӯ гуфт, «Ҳайати комиссия ин масъаларо ҳамаҷониба баррасӣ намуда дар натиҷаи дида баромадани ҳамаи хароҷот бо худи ронандаҳо чунин хулоса баровардем, ки нархи роҳкиро 30 дирам таъин шавад. Ба ин пешниҳод ҳама ронандаҳо розӣ шуданд ва ҳоло беш аз 150 микроавтобус дар се хатсайри дохили шаҳр кор карда истодаанд.»
Ва аммо як ронанда гуфт, ба ин пешниҳод розӣ нест, вале аз ноилоҷӣ ба кор баромадааст, зеро дар ҳоли ҳозир, касби ронандагӣ танҳо манбаъи даромади хонаводаи ӯст.
Шоҳини Равшан, Панҷакент
XS
SM
MD
LG