Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ бо нишонии "tj", яъне Тоҷикистон


Сар аз имрӯз, 4-уми январи соли 2006-уми милодӣ саҳифаи интернетии Бахши тоҷикии радиои Озодӣ бар илова бо нишонии феълияш ҳамчунин бо суроғаи нав дар шабакаи ҷаҳонии иттилоотии интернет нашр мешавад. Ин нишонии www.ozodi.tj аст. Дар ин бора кафили мудири Бахши маркетинги радиои Озодӣ, хонуми Ҷулия Рагона хабар дода, афзуд, аммо ин на ба он маънист, ки нишонии нав ивазкунандаи суроғаи феълии www.ozodi.org мебошад. Баракс, саҳифаи интернетии Бахши тоҷикии радиои Озодӣ акнун ҳамзамон бо ҳарду нишонӣ дар оинаи компютер падид меояд. Истифодабарандагони ин саҳифа метавонанд аз нишоние кор гиранд, ки дар минтақаи онҳо ба осонӣ боз мешавад. Ҳарду нишонӣ ҳамон як саҳифаро бе ягон тағйир боз хоҳанд кард. Таҳиякунандагони саҳифа ҳамаи бинандагону хонандагону шунавандагони сомонаи интернетии Озодиро бо васл шудани ҳуруфе, ки рамзи Тоҷикистонро доранд, табрик мегӯянд. Ин тағйир дар ҳоле ба амал меояд, ки шумораи воридшудагон ба саҳифаи www.ozodi.org аввалин бор аз марзи 100 ҳазор нафар дар як моҳ убур кард.
XS
SM
MD
LG