Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин иҷлоси Шӯрои миллии Афғонистон


Фахриддини Холбек

Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии Афғонистон дар бинои нави парлумони Афғонистон, воқеъ дар маҳалли Доруламони Кобул бо ширкати намояндагони мардум ва беш аз 500 меҳмони хориҷӣ баргузор гардид. Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури Афғонистон баъди ба савганди вафодорӣ овардани намояндагони мардум бо Қуръони карим мардуми кишварро бо соҳиби парлумон шудан муборакбод намуда, гуфт, Афғонистон ба ин рӯз бар асари ҷонбозӣ ва қурбониҳои бешумори солиёни душвори ҷанг расидааст. Раисиҷумҳури Афғонистон дар қатори дастовардҳои Афғонистон ба барномаи ҳамбастагии миллӣ пайвастани 13 000 русто, таъмири 1 700 километр роҳ, бо хадамоти тиббӣ фаро гирифтани 77 фисади мардум ва таҷаммӯъи 1,5 миллиард доллар дар хазинаи асъори кишварро ном бурд. Ҳомиди Карзай гуфт, кишвараш муносибатҳои дипломатиашро бо соъири кишварҳои ҷаҳон аз нав эхё кард. Вай афзуд, дар сиёсати хориҷии Афғонистон муносибатҳои нек бо ИМА, Аврупо, Ҷопон, Чин, Русия, Ҳинд, Эрон, Покистон, Туркманистон, Узбакистон ва Тоҷикистон дар мадди аввал қарор доранд.

Дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии Афғонистон Дик Чейни, муовини раисиҷумҳури ИМА, сафирони кишварҳои хориҷии мустақар дар Кобул ва намояндагони созмонҳои хориҷиву байналмилалӣ ширкат доштанд. Шӯрои миллии Афғонистон аз Вулуси Ҷирга - маҷлиси намояндагон ва Мишрони Ҷирга - маҷлиси сано иборат аст. Вулуси Ҷирга аз 249 ва Мишрони Ҷирга аз 102 нафар иборат аст. Ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии Афғонистон, қарор аст, рӯзи сешанбе, 20 декабр баргузор гардад.
Фарҳоди Милод, Кобул
XS
SM
MD
LG