Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раёсати Додгоҳи Олӣ хостори озодии Ҷумъабой Толибов шуд


Раёсати Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми озодии Ҷумъабой Толибов, рӯзноманигор ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айниро аз маҳбас тасдиқ кард. Ин ҳукми додгоҳи таҷдиди назар, ки ду моҳи пеш нашр шуда буд, дар пайи эътирози Додситонии кулли Тоҷикистон иҷро нагардид. Рӯзи 7-уми декабр раёсати Додгоҳи Олӣ ин эътирозро баррасӣ ва ҳукми додгоҳи таҷдиди назарро бетағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи таҷдиди назар иттиҳомро аз моддаи авбошӣ ба банди таҳқири шахсият бадал карда, тибқи он Толибовро сазовори як соли кори маҷбурӣ дониста буд. Аммо аз он ҷо ки Толибов аллакай беш аз панҷ моҳро дар зиндон гузаронида буд ва як рӯзи зиндон се рӯзи кори ислоҳӣ маҳсуб мешавад, мебоист тибқи мусаввабаи мушовараи Додгоҳи Олӣ ҳукм иҷрошуда маҳсуб мегардид ва ӯ раҳо мешуд. Ва аммо Додситонии Кулли Тоҷикистон ба ин ҳукми мушовараи Додгоҳи Олӣ эътироз кард ва рӯзноманигорро дар маҳбас боқӣ монд.
Ҷумъабой Толибов - рӯзноманигор ва мудири шӯъбаи ҳуқуқ дар ҳукумати ноҳияи Айнӣ 24-уми апрели соли равон боздошт ва дар 29-уми июл тибқи се банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Аммо аз ибтидо Толибов парвандаро ноодилона хонда, гуфта буд, ворид кардани иттиҳом ба ӯ дар заминаи хусумати шахсии додситони ноҳияи Айнӣ сурат гирифта ва ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ, ки аз ҷумла амали додситониро танқид кардааст, вобаста мебошад.
XS
SM
MD
LG