Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи додгоҳи Саддом Ҳусейн


Мурофиаи додгоҳи Саддом Ҳусейн-раҳбари собиқи Ироқ баъд аз 90 дақиқаи танаффус дубора аз сар гирифта шуд. Имруз баъд аз он, ки вакилони мудофеъи Саддом толори мурофиаро ба нишонаи эътироз тарк карданд, дар мурофиа танаффус ба амал омад. Вакилони мудофеъи Саддом ба он сабаб аз толор хориҷ шуданд, ки қозии додгоҳ ба онҳо иҷоза надод, то онҳо нигарониҳои худро дар бораи ҷанбаҳои қонунии мурофиа баён кунанд. Қабл аз ин, додгоҳ бар зидди ҳузури Рамсӣ Кларк дар толлори мурофиа изҳори назар карда буд. Рамсӣ Карк мушовири байналмилаллии вакилони мудофеъ мебошад.
XS
SM
MD
LG