Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду қумандон дар Ниҷроб


Фахриддини Холбек

Ду қумондони собиқ, марбут ба ҳаракати Толибон ва Иттиҳоди Шимол дар вилояти Кописо, воқеъ дар шимоли Кобул - пойтахти Афғонистон аз сӯи макқмоти интизомии кишвар боздошт шудаанд. Ғуломсиддиқи Шафақ, додситони вилояти Кописо ба радиои Озодӣ гуфт, Абдулмаҳбуб ва Абдулқаҳҳор, қумондонони ду рустои вулусволии Ниҷроб ба ҷиноёти ҷангӣ ва даст доштан дар ноамниҳои минтақа муттаҳам мешаванд. Оқои Шафақ гуфт, ин ду қумондон бар асоси шикоёти мардум боздошт шудаанд.

Абдусаттори Мурод, волии Кописо мегӯяд, қумондонони боздоштшуда тайи чанд соли ахир мунтазам мардуми ду рустои вулусволии Ниҷробро зидди ҳам мешӯронданд ва даргирихои мудаввоме миёни дастаҳои онҳо сурат мегирифт. Оқои Мурод гуфт, баробари боздошт шудани Абдулмаҳхуб ва Абдуқаҳҳор муносиботи байни ду рустои вулусволии Ниҷроб беҳ ва вазъи ин қаламрав орому осуда шудааст.

Тибқи иттилоъи расонаҳои Афғонистон, дар кишвар ҳаводиси нақзи ҳуқуқи башар аз сӯи ҷангсолорон зиёд ба назар мерасад, аммо ниҳодҳои интизомии кишвар дар мавриди ба масъулият кашонидани ҷангсолорон то ба хол аҷз мекашанд, Ғуломсиддиқи Шафақ, додситони вилояти Кописо гуфт, алайҳи қумондонони вулусволии Ниҷроб додситонӣ шикоёти зиёдеро аз сокинони вулусволӣ дар даст дорад ва аксарияти мардум аз нақзи ҳуқуқи хеш шикоят кардаанд.
Фарҳоди Милод, Кобул
XS
SM
MD
LG