Пайвандҳои дастрасӣ

Имсол дар Тоҷикистон 72 гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддирро боздошт кардаанд


Вузарои адлия ва умури дохилаи Иттиҳодияи Аврупо (ИА) имрӯз дар Бруксел ҷиҳати афзоиши кӯмакҳои ин созмон ба Афғонистон ба манзури мубориза бо маводи мухаддир тааҳҳуд кардаанд.Ахиран ИА дар бораи ихтисоси 15 миллион доллар кӯмак ба кори мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон хабар дода буд.

Дар ҳамин ҳол, Рустам Назаров, раҳбари Ожонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 30 ноябр дар ҷаласаи кумиссиюни байнипорлумониии Тоҷикистону Русия гуфт, ки тайи 10 моҳи соли ҷорӣ дар марз бо Афғонистон 72 гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир боздошт шудааст, ки назар ба 55 гурӯҳи як сол пеш боздоштшуда тақрибан сӣ дарсад бештар мебошад. Рустам Назаров гуфт, аз соли 1999 ба ин сӯ дар Тоҷикистон 23 тонна маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ гирифта шудааст, ки барои мӯътод сохтани 23 милён нафар кифоят мекард. Ба гуфтаи оқои Назаров, танҳо дар соли ҷорӣ аз қочоқбарон беш аз 4 тонна маводи мухаддир гирифтаанд, ки бештар аз нисфи онро ҳероин ташкил медиҳад.

Рустам Назаров гуфтааст, пешсафи кишти хашхош дар шимоли Афғонистон дар ҳоли ҳозир вилояти Бадахшон аст, ки имсол дар 17-18 000 ҳектар замин хашхош коштааст. Ин дар ҳолест, ки ба ҳисоби ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, соли гузашта замини кишти хашхош дар вилояти Бадахшон 15 000 ва соли 2002 ҳамагӣ 8 000 ҳектар будааст.

Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон дар ҳамин ҳол мегӯяд, тайи танҳо 1 моҳи гузашта ва танҳо дар марз бо Афғонистон аз 7 талоши марзшиканӣ ҷилавгирӣ карда, 55 шаҳрванди Афғонистонро боздошт кардаанд. Аз қочоқбарон тайи ин моҳ 258 кило маводи мухаддир гирифта шудааст, ки 182 килоаш ҳероин будааст.

Қарори маълум, Тоҷикистон як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русияву Аврупо маҳсуб мешавад. Виктор Черкасов, раҳбари Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия гуфтааст, солона аз Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳудуди 60 тонна маводи мухаддир вориди бозори сиёҳи Русия мешавад. Ба ҳисоби оқои Черкасов, тавлидот ва қочоқи ҳероини афғонӣ дар солҳои охир афзудааст. Виктор Черкасов гуфт, ки қочоқи ҳероин аз Афғонистон дар пайи хуруҷи нирӯҳои марзбонии Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон вусъат ёфта, вазъ бадтар шудааст.

Виктор Черкасов гуфт, Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия соли оянда дафтари худро дар Кобул ҳам боз хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, Аркадий Баскаев, як узви кумиссиюни байнипорлумонии Тоҷикистону Русия дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ба зудӣ намояндагии хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия дар Тоҷикистон ва, ҳамин тавр, дафтари ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар Русия таъсис хоҳанд ёфт.
XS
SM
MD
LG