Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии созишномаҳои имзошуда миёни Тоҷикистону Русия


Дар ҷаласаи панҷуми комиссияи байнипорлумонии Тоҷикистон ва Русия масъалаи иҷрои қарордодҳои миёни ду кишвар ба имзорасида баррасӣ шуд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки бо вуҷуди пешравиҳои чашмгир дар муносиботи ду кишвар ва фароҳам шудани заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо дар иҷро шудани асноди ба имзорасида таъхир мешавад. Абдунабӣ Сатторзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ки зимни ин ҷаласа суханронӣ дошт, аз ҷумла гуфт, ки бисёре аз қарордодҳо аз ҷумла созишномаи миёни ду кишвар дар бораи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ то ҳол аз ҷониби порлумони Русия тасвиб нашудааст. Дар ҳамин ҳол, Борис Постухов, роҳбари ҳайати Думаи Русия дар посух ба ин иддаои ҷониби Тоҷикистон гуфт, дар воқеъ баррасии ин созишнома дар Дума тӯл кашид, зеро таваҷҷўҳи аслии маҷлис феълан дар сари қонуни буҷаи давлатии Русия барои соли оянда банд аст ва бинобар ин баррасии дигар масъалаҳо ба таъхир андохта шуд. Баъди анҷоми баррасии тарҳи буҷа ҳатман созишномаи миёни ду кишвар дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ баррасӣ мешавад ва ба тасвиб хохад расид. Ҷаноби Пастухов ҳамчунин гуфт, ки ҳукумати кишвараш дар садад аст, то барои муҳоҷирони корӣ, ки замоне ба далели нақзи муқаррарот аз Русия ихроҷ шудаанд, як афви ба истилоҳ корӣ ё муҳоҷиратӣ эълон кунад. Ва онҳое, ки иҷозаи сафар ба Русияро аз даст дода буданд, дубора метавонанд, барои кор ба он кишвар муроҷиат намоянд. Ҳамчунин зимни ин ҷаласа мушкили пешомада дар масъалаи сабти номи намояндагиҳои вазорати кори Тоҷикистон дар манотиқи Русия низ баррасӣ шуд. Ҷониби Тоҷикистон иддао дорад, ки ба масъулини вазорати кор дар манотиқи Русия мақоми дипломатӣ дода шавад. Ин дар ҳолест, ки Борис Постухов додани мақоми дипломатӣ ба намояндагиҳои вазорати кори Точикистонро як амали ѓайри мумкин донист ва гуфт, дар Русия чунин муқаррароте нест ва мақоми дипломатӣ ба намояндагони вазорати хориҷа, маҷлис ва бархе аз аъзои ҳукумат дода мешавад. Ва танҳо роҳбари ҳайати вазорати меҳнати Точикистон, ки дар Маскав иқомат мекунад ва дар назди сафорат ҳисоб медиҳад метавонад мақоми дипломатӣ дошта бошад. Ва намояндагиҳои ин вазорат дар манотиқ ниёзе ба мақоми дипломатӣ надоранд. Дар ҳар сурат ин масъала ҳамчунин мушкил боқӣ мондааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG