Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нав алайҳи хушунат дар оила


Намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатии масоили занон зимни як ҳамоиш дар Душанбе, ба баррасии пешнависи қонун дар бораи ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоӣ аз хушунат дар оила пардохтанд.
Нели Сафарова, корманди созмони ғайридавлатии «Лигаи занҳои ҳуқуқшинос» ва муаллифи тарҳи қонуни мазбур мегӯяд, Тоҷикистон дар Осиёи марказӣ, яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки оид ба хушунати хонаводагӣ дар яке аз ҷойҳои аввал меистад. Вай мегӯяд, маҳз ҳамин вазъи ногувор ва ба маротиб афзоиш ёфтани бемориҳои равонии занон, бар асари хушунати хонаводагӣ зарурати таҳияи тарҳи чунин як қонунро дар кишвар ба миён овардааст. Нели Сафарова афзуд:
«Дар қонуни мазбур, дар баробари ҳимояи ҳуқуқи занҳо аз хушунат дар оила, ҳамчунин баробарии ҳуқуқи зану мард дар ҳама масоили иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.»
Дар ҳамин ҳол Мавзуна Ҳокимбоева корманди маркази буҳроншиносии шаҳри Хуҷанд бо номи «Гулрухсор» мегӯяд қабули қонуни мазкур заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад, ки мақомоти масъули кишвар алайҳи хушунати хонаводагӣ ва табйзи занон ҳамаҷониба мубориза баранд:
«Мушоҳидаҳои мо нишон медиҳанд, ки заноне, ки аз ҷониби шавҳар дучори хушунат ва зуроварӣ шудаанд бештар ба афсурдагӣ мувоҷеҳ шуда кушиши худкушӣ мекунанд.»
Иштирокдорони ҳамоиши мазбур зимни баррасии тарҳи қонуни нав дар бораи ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоӣ аз хушунат дар оила, таъкид карданд, ки қабул ва татбиқи қонуни мазкур зарурати ворид кардани таъғиру иловаҳо ба қонунҳои ҷории кишвар, аз қабили Кодекси никоҳ ва оила, Кодекси ҷиноӣ ва мурофиавӣ ва Қонун дар бораи милисаро пеш меорад.
XS
SM
MD
LG