Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cафари ҳайъати ҳукуматӣ ба ағбаи Анзоб


Баҳман ва ярч дар ағбаи Анзоб зиёда аз 200 мошини боркаш ва сабукравро дар бароз ва фарози он роҳбанд кардааст. Намояндаи Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, кӯшиши поккории роҳ дар сари ағба идома дорад ва барои ронандагону мусофирони дармонда ғизои гарм таҳия мешавад. Ҳамзамон як ҳайъат аз ин вазорат ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба гарданаи Анзоб сафар кардааст, то бо вазъи он аз наздик ошно шуда, дар бобати истифодаи минбаъдаи шоҳроҳи Душанбе -- Хуҷанд тасмимгирӣ кунад. Ҳар сол бо расидани фасли сармо ва барфу баҳман ин шоҳроҳ ба муддати то панҷ моҳ баста мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи ин ҳолат нақби Уштурро месозад, ки қарор аст, баҳори имсол боз шуда, ин мушкилро пурра аз байн мебарад ва масофаи байни Душанбеву Хуҷандро барои нақлиёт ба маротиб коҳиш медиҳад.
Соли гузашта ҳукумат ҳаракати нақлиётро дар ағбаи Анзоб рӯзи 19-уми ноябр қатъ эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG