Пайвандҳои дастрасӣ

Русия як миллион муҳоҷири ғайрирасмиро афв мекунад.


Мақомоти муҳоҷирати Русия нақша доранд, ки баъзе муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро афв намоянд.
Вячеслав Поставнин мансабдори идораи муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд:
"Ба он шаҳрвандони кишварҳои муштаракулманофеъ, ки ғайриқонунӣ ба Русия ворид шуда, баъдан шуғл ёфтаанд, иҷозати кор дар Русия тақдим хоҳад шуд.
Поставнин меафзояд: "Агар мо буду боши муҳоҷиронро қонунӣ накунем, бо ин амал мо онҳоро ба ҷинояткорӣ ташвиқ мекунем. Мо онҳоро аз ҳуқуқашон маҳрум мекунем. Аз ин рӯ, дар ҳоле ки дар Русия шумораи бузурги муҳоҷирони ғайриқонунии беҳуқуқ ҳузур дорад, ва тавре ҳар кас медонад, онҳо азтарафи ниҳодҳои вазорати корҳои дохилӣ таъқиб мешаванд, қарори маълум онҳо метавонанд сабабгори ҳар гуна нооромӣ гарданд. Агар мо онҳоро ҳифз намуда, ба онҳо имкони шуғли осоиштаро фароҳам орем, онҳо аз ҳар гуна нооромӣ ҳазар мекунанд. "
Хабаргузориҳои Русия аз нақли Поставнин овардаанд, ки хадамоти муҳоҷирати Русия мақсад дорад, буду боши тахминан як миллион муҳоҷири ғайриқонуниро расмӣ кунад. Ҳамчунин хабаргузориҳои Русия иттилоъ медиҳанд, ки дар ин кишвар то панҷ миллион шаҳрванди кишварҳои муштаракулманофеъ ғайриқонунӣ иқомат доранд.
XS
SM
MD
LG