Пайвандҳои дастрасӣ

Манзилҳои нав дар Панҷакенту Ҳамадонӣ


Оилаҳое, ки дар натиҷаи офатҳои табиии баҳору тобистони соли ҳолӣ дар вилоёти Суғду Хатлони Тоҷикистон бесарпаноҳ монданд, соҳиби манозили нав мешаванд. Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико ҷиҳати бунёди манзилҳои нав барои оилаҳои офатзада дар навоҳии Ҳамадониву Панҷакат ҳудуди ҳафтсад ҳазор доллар тахсис додааст. Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо нашри як баёнияи матбуотӣ хабар додааст, ин кишвар барои 179 оила хонаҳои нав месозад ва ин манозил бо назардошти қавоиди эмин нигоҳ доштан аз офатҳои табиӣ бунёд мегардад. Ин кӯмак тариқи созмони Shelter For Life роҳандозӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG