Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии фаъолияти Корхонаи алюминий дар порлумони Узбакистон


Мақомоти расмии Узбакистон гуфтанд, порлумони ин кишвар ба хотири таҳқиқи вазъи муҳити зисти манотиқи наздик ба Корхонаи алюминийи Тоҷикистон комиссияи махсусеро таъсис додааст. Тибқи иттилоъи маркази матбуоти порлумони Узбакистон, рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи порлумон Ҳизби халқӣ-демократии ин кишвар хостааст, то вазъи экологии навоҳии воқеъ дар марзи Тоҷикистон ва наздик ба Корхонаи алюминий таҳқиқ шавад. Тибқи иттилоъи нашрияи "Халқ Овозӣ"- и Узбакистон, ба думболи баррасии ин мавзӯъ дар нишасти порлумон, аз ҳисоби аъзои аксари фраксияҳои ҳизбҳои сиёсии порлумони Узбакистон комиссияи махсус ташкил дода шудааст.
Тибқи иттилоъи хабаргузории "Интерфакс", Хондамир Ҳакимов вакили мардумии Узбакистон гуфтааст, аз замони шурӯъи фаъолияти Корхонаи арзизи Тоҷикистон дар соли 1975 ва ихроҷи маводи зиёновар аз он вазъи муҳитзистӣ, сиҳатии аҳолӣ вилояти Сурхондарёи Узбакистон бад шуда ва ҳамчунин олами набототу ҳайвоноти ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон осеб дидааст.
Ӯ афзудааст, гузоришҳо доир ба сарнавишти ояндаи Корхонаи алюминий, ки ширкати "Русский Алюминий" мехоҳад онро харида ва ба иқтидори тавлидотиаш биафзояд, нигаронии мардуми он минтақаро ба бор овардааст. Ба гуфтаи ӯ, солҳои 1982-89 корхонаи арзиз солона ба фазо 40 ҳазор тонна маводи заҳролуд ихроҷ мекард, аммо дар солҳои ахир вазъ беҳбуд ёфтааст, зеро корхона бо иқтидори пурраи хеш фаъолият намекунад.
Хондамир Ҳакимов ҳамчунин гуфтааст, дар сурати бунёди корхонаи нави арзиз ва ё тавсиаи фаъолияти корхонаи феълӣ ихроҷи маводи заҳрогин ба фазои манотиқи марзии Узбакистон ва Тоҷикистон афзуда, хатароти нави экологиро ба вуҷуд меорад.
Корхонаи арзизи Тоҷикистон дар 50 километрии ғарби Душанбе дар марзи Узбакистон воқеъ аст, аммо мақомоти расмии ин корхона ҳамвора гуфтаанд, ки ихроҷи маводи саноатӣ аз Корхонаи арзиз мувофиқ ба меъёрҳои муқарраршуда аст ва ба муҳити зисти атрофи он осеб намерасонад.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG