Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ба идомаи ислоҳоти додгоҳ дар Тоҷикистон хушбин аст


Гузоришгари вижаи кумисюни ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар умури истиқлолияти додвар ва вакилони дифоъ, Леандро Деспоу, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе, изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон дар идомаи ислоҳоти низоми додгоҳ онро ба як шохаи комилан мустақили қудрат табдил медиҳанд. Вай гуфт, аз ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва куллан боз будани ин кишвар ба рӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ шод аст ва аз нораво эълон шудани ҳукми қатл дар ТОҷикистон истиқбол мекунад. Аммо ҳамзамон ба ин Деспоу боқӣ мондани бартарии додситонро бар вакили мудофиъа ва додгустар хилофи меъёрҳои байнулмилал номид ва гуфт, ба ин иллат додварон наметавонанд, мустақилона ҳукм содир кунанд ва ё аз вокуниши эҳтимолӣ ба ҳукми худ метарсанд. Вай ҳамчунин камии музди додрасҳоро як халали эҳтимолӣ ба истиқлолияти онҳо номид. Биноан афзуд ӯ, кишвар бояд муборизаи худро бо ришвату фасод тақвият диҳад. Деспоу бо истиқбол аз таъсиси Шӯрои адлия ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, бо дарназардошти осебпазирии вакилони дифоъ, ки дар иҷрои вазифаҳои касбии худ ба мушкилиҳо рӯбарӯянд, як ниҳоди ягона, мустақил ва худгардони марбут ба мушкилоти адвокатҳо таъсис дода шавад.
XS
SM
MD
LG