Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳи рӯйдодҳои Андиҷон дар Тошканд


Ду узви муҳими Конгресси Амрико аз ҳукумати президент Буш талаб карданд, ҳама гуна пардохтҳои вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳидаро ба Ӯзбакистон қатъ кунад ва ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ фишор оварад, то президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов барои куштори оммавӣ дар Андиҷон ба ҷазо кашида шавад. Конгрессменҳо Билл Делаҳант ва Ллойд Доггетт гуфтанд, мехоҳанд Иёлоти Муттаҳида ҳама гуна пуштибонияшро аз Каримов низ қатъ намояд.
Тарҳи нави қонунгузорон замоне нашр шуд, ки Пентагон гуфт, барои истифодаи пойгоҳи Хонобод бояд ба ҳукумати Ӯзбакистон 23 миллион доллари дигар диҳад. Амрико ҳамчунин 20 миллион доллари мадад ба Ӯзбакистонро ба таъхир андохтааст.
Дар ҳамин ҳол Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ба зудӣ алайҳи Ӯзбакистон таҳримҳо ҷорӣ хоҳад кард, зеро ин кишвар нахост рӯйдодҳои Андиҷон аз тарафи муфаттишони мустақил таҳқиқ шавад.
XS
SM
MD
LG