Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби тарҳи Тоҷикистон дар Бонки Исломии Рушд


Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд тарҳи нави кӯмакӣ барои тармими макотиби миёнаи Тоҷикистонро тасвиб кардааст, ки қарор аст барои он беш 10, 5 миллион доллар қарзи дарозмуддат ҷудо шавад. Бино ба иттилоъи Бонки Исломии Рушд, мутобиқи ин тарҳ, бояд 7 мактаби таҳсилоти ҳамагониии Тоҷикистон тармиму таҷҳизонидан шаванд, ки шумори муҳассилини онҳо беш аз 4 ҳазору 500 нафар будааст.
Як ҳадафи дигари ин тарҳ мусоидат ба ҷалби 1000 омӯзгори дигар ба ин макотиб будааст ва ба ин тартиб коҳиш додани таъсири номуносиби муҳоҷирати корӣ. Замони иҷрои ин тарҳ то соли 2008 муқаррар шудааст. Тибқи иттилоъияи Бонки Исломии Рушд, ки ба тозагӣ дар сафҳаи интернетии он нашр шудааст, кӯмаки бебозгашти дигаре, ки ин бонк барои Тоҷикистон ҷудо хоҳад кард, 284 ҳазор долларро ташкил медиҳад ва ин маблағ бояд барои корҳои муқаддамотии сохтмони тармими шабакаи баландшиддати интиқоли нерӯи барқи мавсум ба "Ҷанубу-Шимол" масраф шавад.
Ин шабакаи 500 киловолти манотиқи ҷануби кишварро бо шимоли он васл хоҳад кард ва тавре Бонки Исломии Рушд гуфтааст, ба рушди иқтисодии шимоли Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.
XS
SM
MD
LG