Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии президенти Тоҷикистон дар СММ


лл

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз минбари Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид муборизаи ҷаҳониро бо падидаҳое чун фақр, терроризм, қочоқи инсон ва маводи мухаддир аз муҳимтарин масъалаҳои қарни нав номид. Ва ҳамзамон гуфтугӯи тамаддунҳо, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои обро аз муҳимтарин самтҳои кори ҷомеаи байнулмилал номид. Ҷаноби Раҳмонов гуфт, бо вуҷуди кӯшишҳои муштараки сарони ҷаҳон дар мубориза бо бенавоӣ дастовардҳо дар ин ришта қонеъкунанда нестанд. Вай ҳамчунин даъват кард, ки решаҳои мавҷи афзояндаи терроризм дар ҷаҳон омӯхта шуда, аз корбурди истилоҳи "терроризми исломӣ" худдорӣ шавад, зеро ин ба эътибори дини ислом латма зада, хилофи усули гуфтугӯи тамаддунҳост.
Президент Раҳмонов аз пешрафтҳои кившари худ ёд кард ва изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз роҳи рушди пойдори иқтисодӣ берун нахоҳад рафт. Ҳамзамон ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, дар ивази кӯшишҳои рушд, қарзҳои домангири ин кишварҳо бахшида шаванд. Ҷаноби Раҳмонов инчунин аз вазъ дар Афғонистон ва зарурати ҳифзи захираҳои ҷаҳонии об сухан гуфт.
Латифи Латифӣ, Ню Йорк
XS
SM
MD
LG