Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар додгоҳ рӯбарӯ шудани Баҳодур Ҳомидов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров


Дархости вакили мудофеъи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - лидери Ҳизби демократ - барои дар як парванда муҳокима шудани парвандаҳои оқои Искандаров ва ронандаи ӯ Давлатхӯҷа Сақоваров аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон рад шудааст. Аъзам Бадриддинов - вакили мудофеъи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Додгоҳи олии Тоҷикистон дархост карда буд, ки муҳокимаи ин ду парванда ба хотири як будани иттиҳомот, яъне ташкили ҳамла ба болои бинои милиса ва додситонии ноҳияи Тоҷикобод дар тобистони соли гузашта як карда шавад. Зафар Азизов, додраси додгоҳи Олии Тоҷикистон, ки баррасии ин парвандаҳоро анҷом медиҳад, гуфтааст, таҳқиқи қазияи ронандаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров тақрибан анҷом шудааст ва дар сурати як кардани муҳокима расидагӣ ба онҳо тӯл хоҳад кашид.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи навбатии додгоҳ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бо Баҳодур Ҳомидов - роҳбари ҳайати бозрасон ва сардори идораи тафтишоти ҷиноёти сангини Додситонии кулли Тоҷикистон рӯбарӯ карда шудааст. Дар ҷараёни рӯбарӯсозӣ миёни оқои Искандаров ва Баҳодур Ҳомидов мубоҳисоти шадид сурат гирифта ва Искандаров гуфтааст, куллия нишондодҳоро аз ӯ ба ҳангоми тафтишоти қаблӣ ба зӯр ва фишор гирифтааанд ва имзои ӯ дар протоколи пурсиши додситонӣ ба хотирӣ саломат расидан то додгоҳ будааст.

Аммо Баҳодур Ҳомидов даъвои Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бепоя хонда гуфт, ба ҳангоми пурсишот вукалои дифоъи Искандаров ҳамроҳаш буданд ва ҳамчунин ҷараёни пурсишот дар навор низ сабт шудааст: "Дар мурофиа гапи дигар гуфт. гуфт, ки ман аз тарс нишондод додам. Ман баъд савол дода гуфтам, ки шумо агар аз тарс нишондод дода бошед, пас барои чӣ ҳолатҳоеро ба тафтишот гуфтед, ки то ҳол ба мо маълум набуд. Дар ҳамон ҳодисаи амали террористӣ. Баъзе ҳолатҳое буданд, ки барои тафтишот маълум набуд ва танҳо аз нишондодҳои худи Искандаров муайян шуданд. Баъд натиҷаи санҷиши ҳамин нишондодҳои Искандаров бо дигар ҳолатҳои парванда ба пуррагӣ мувофиқ омаданд."

Оқои Ҳомидов афзуд, ки дар ҷараёни тафтиш ширкати Искандаров дар ҳаводиси ҳамла ба бинои умури дохила ва додситонии ноҳияи Тоҷикобод дар тобистони соли гузашта бо далоил дайн шудааст. Дар ҳамин ҳол,0 ба таъйиди масъулини Додгоҳи олӣ, муҳокимаи қазияи боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Маскав ва чигунагии таҳвили ӯ аз Русия ба Тоҷикистон идома хоҳад дошт.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG